Лоиҳаи иншоот
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018, №2к/39-24 бо мақсади ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намудааст.
Муфассалтар...
Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхона воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, лоиҳаҳои иншооти зикршуда бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.